Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ «Неруи Канд» оғоз бахшиданд
10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Солҳои рушди саноат” ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 40 садяк замин […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-ро мавриди истифода қарор доданд
10 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷураев аз нав бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Кӯдакистон ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, соли 1999 […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар 4 минтақаи вилояти Суғд, аз ҷумла, […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба наврасони ятим туҳфаҳо тақдим намуданд
10 сентябр дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, чун оини неки инсондӯстӣ ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сару либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-ро ифтитоҳ намуданд
10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуданд. Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби дарёи Сирро мавриди истифода қарор доданд
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – Истиқлоли […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини муҳтарам! Бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил мегардад, бори дигар самимона табрик мегӯям. Ба ҳамаи ҳамватанони азиз, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии “Истиқлол Авеню” бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ […]
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВАНҶ
Иштирок ва суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Камолиддин Муминзод дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ванҷ