Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:31, October 14, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 24 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд.

Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то ба шаҳраки Дарбанд оби нӯшокӣ бо қубури кутраш 273 мм тариқи худҷорӣ оварда шудааст. Он ба обанбори марказӣ, ки ғунҷоишаш ба 4000 метри мукааб баробар аст, ворид мегардад. Тавассути обанбор 3 500  нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.   

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати муаяншуда, бо сифати баланд анҷом ёфт. Барои саривақт ва дар муҳлати пешбинигардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида буд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар шаҳраки Дарбанд талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акунун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нӯшокии “Шолидара – Дарбанд” сокинони шаҳрак шабонарӯзӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия ва деҳоти дурдасти кишвар амалӣ гардид.

Сарвари давлат масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинон тақвият бахшанд.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоистаи роҳбарияти олии давлат буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин шабакаи оби ошомиданиро ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.93
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.66
RU TJS/RUB0.11
14 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Oct 2024 04:20 UTC
Latest change: 14 Oct 2024 04:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:31, October 14, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 24 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph