Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:43, December 23, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими маҷозии ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки Сарони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, оғоз бахшида буданд.

Дар сухани шодбошии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар муҳлатҳои нисбатан кӯтоҳ пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмониро дар ин лоиҳаи дорои аҳаммияти иҷтимоӣ таъкид карда, ба роҳбарияти Туркманистони дӯст барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи босифати он самимона изҳори сипос намуданд.

“Ба туфайли ин рӯйдод барои насли навраси мо боз як имконияти хуб фароҳам гардид, ки дар мактаби нави муҷаҳҳаз бо технологияву таҷҳизоти муосири таълимӣ бо таҳсил фаро гирифта шавад”, – иброз доштанд муҳтарам Президенти Тоҷикистон.

Дар идомаи суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои  “муносибатҳои шарикии стратегии амиқ”-и  Тоҷикистон ва Туркманистон андешаронӣ карда, аз раванди таъмиқу тавсеаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардумони ду кишвар, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ёдовар шуданд.

Вобаста ба ин Сарвари давлат ҷойгоҳи муҳими ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму маорифро дар рӯзномаи робитаҳои ҷонибҳо ба таври махсус таъкид карданд. Дар робита ба ин татбиқи лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи ба номи шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махтумкулӣ Фироқиро, ки имсол бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, мисоли равшани ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи маориф ва боз як рамзи муносибатҳои дӯстиву созандаи мардумони ба ҳам бародар арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми суханронии худ Пешвои миллат ба Ҳукумати Туркманистон, бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд, сипоси самимии ҷониби Тоҷикистонро иброз доштанд.

Сипас, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов бо нутқи пурмуҳтаво  суханронӣ карданд.

Президенти Туркманистон Президенти Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокдорони ин чорабиниро ба муносибати Рӯзи дониш ва руйдоди муҳим – ифтитоҳи мактаби нав, ки аз ҷониби бинокорони туркман бо ташаббуси Пешвои миллии мардуми туркман – Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимухамедов бунёд шудааст, гарму самимӣ шодбош гуфтанд.

Зимни суханронии худ Президенти Туркманистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ҷиҳати таъмиқи ҳамкории самарабахш ибрози сипос намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ва бародарии мардумони мо ба рушди робитаҳои ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.69
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
23 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Dec 2024 13:30 UTC
Latest change: 23 Dec 2024 13:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:43, December 23, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph