Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:02, November 22, 2024
temperature icon 15°C
Humidity 58 %
Pressure 1020 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро мавриди истифода қарор доданд

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар ин ҷо барои машқу тамрин ва машғул шудан бо намудҳои гуногуни варзиш шароит фароҳам оварда шудааст.

Биноҳои дохили варзишгоҳ аз 4 қисм иборат буда, қисми 1-ум дуошёна ва боқимондаи он якошёна мебошад.

Дар қисми якуми варзишгоҳ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 15 ҳуҷра ҷойгир карда шудааст. Қисми дуюм дорои 9 ҳуҷра ва 5 маркази савдо мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот ҳамчунин бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин мебошанд.

Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон, аз ҷумла системаи барқтаъминкунӣ, ҳавзи оташнишонӣ ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт низ сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ин ҷо 26 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардид.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуда, барои тарбияи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ маслиҳатҳои муфид доданд. 

Фармоишгар Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИОСП” таҳия шудааст.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” сохта шудааст.

Бунёди чунин варзишгоҳи замонавӣ дар арафаи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда барои варзишгарон, махсусан футболбозони шаҳри Норак номида шуд.

Дар ҳамин ҷо ба футболбозони клуби футболи Норак аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ иборат аз сару либос ва пойафзоли варзишӣ тақдим гардид.

Ҳоло дар шаҳри Норак 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш – футбол, волейбол, тениси рӯи миз, гӯштинҳои тарзи “Озод”, “Самбо”, “Юнону Румӣ”, “Ҷудо”, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, муштзанӣ, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 19 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд. Аз ин шумора 9 мураббӣ бо маълумоти олии варзишӣ ва 10 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият менамоянд. Дар мактабҳои номбурда дар 46 гуруҳ, беш аз 600 варзишгар тамрин мекунанд, ки аз ин шумора 65 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:02, November 22, 2024
temperature icon 15°C
Humidity 58 %
Pressure 1020 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph