Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:24, December 24, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд. 

Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.

default

Иншооти соҳаи маориф ва илм, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар шароити муосир ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон бунёд гардидааст.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДМ” ва “Самар – ДСМ” дар муҳлати муайян ба анҷом расид. 

Масоҳати умумии замини муассиса беш аз 2 гектар буда, майдони зери сохтмон 9 ҳазору 468 метри мураббаъ мебошад.

Ҳар як синфхонаи таълимӣ бо мизу курсии нав ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи дурусти хонандагон беш аз 70 омӯзгори соҳибтахассус ба кор ҷалб шудаанд. 

Синфхонаҳои компютерӣ дорои 80 компютери муосир ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.

Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд. 

Иншооти мазкур ҳамзамон дорои маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои зиёда аз 280 нафар, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ аст.

Толори маҷлисии мактаб кушоду барҳаво буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва фарҳангӣ – фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад. 

Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар дохили муассиса як толор ва дар берун 2 майдончаи варзишии кушоду барҳаво сохта шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи замон аст.   

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 агар аз як тараф дар самти баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин саҳм гузорад, аз дигар ҷониб баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 130 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд. 

Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаби замонавии навбунёд ба масъулон ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 

Ифтитоҳи чунин як муассисаи зебову дорои шароити муосири таълиму тарбия дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандони сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.69
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
23 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Dec 2024 13:30 UTC
Latest change: 23 Dec 2024 13:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:24, December 24, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 100 %
Pressure 1026 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph