Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе муайян ва қадрдонӣ шуданд

Шоми 27 август чорабинии сайри рӯзноманигорон ба инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе ва маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе»  баргузор гардид. Зимни он ғолибони «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе», ки дар ду номинатсия: «Шахсони ҳуқуқӣ» ва «Шахсони воқеӣ» баргузор гардид, муайян ва қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла,  дар номинатсияи […]

Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ […]

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ […]

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд.  Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои […]

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад […]

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]