21 август ҳайати ҳунармандони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Бохтар бо Муассисаи давлатии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» шинос гардид.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, то 23 август мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии ин шаҳрро тамошо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-23 август) барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар баргузор мешаванд.
Сарчашма: АМИТ «Ховар»