Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок намуданд

22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҷомеа, ба […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими […]

ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар пойтахти Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мешавад

Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25-27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024) баргузор мегардад. Дар ин хусус имрӯз қарори дахлдори Раиси […]

Cафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

22 август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири […]

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии сазовори Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои […]

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар

22 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардид. “Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики […]

Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон бо мавзеъҳои таърихии Бохтар шинос мегардад

21 август ҳайати ҳунармандони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар  шаҳри Бохтар бо Муассисаи давлатии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» шинос гардид. Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, то 23 август мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии ин шаҳрро тамошо […]