Муҳтарам ҷаноби Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Олиҷанобон,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҳиндустон барои баргузории ин чорабинии муҳим, Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб арзи сипос намоям.
Мо нишасти имрӯзаро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир медонем.
Дар воқеъ, ҳамаи минтақаҳои дунё бо шумули ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар як марҳилаи душвор қарор доранд.
Маҳз аз ин рӯ, минтақаи фарохи Ҷануб ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.
Ҳозирини муҳтарам,
Тайи панҷ соли охир, мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар Сайёра гашта истодаем.
Тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо сабт шуда, ин сол нишондиҳандаи баландтарин дар ин зимн ба қайд гирифта шуд.
Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад.
Кишвари мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.
Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030 татбиқ менамояд.
Ҳозирини гиромӣ,
Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад.
Аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем.
Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергияи сабз” ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил диҳем.
Тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамзамон бо ин, дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.
Вобаста ба ин, мехоҳам аз ҳамаи Шумо даъват намоям, то дар ин ҳамоиши байналмилалӣ фаъолона иштирок намоед.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза мебошад, ба мушкилоти марбут ба об таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Пуштибонии иқдомҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ин қатъномаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, ки аз ҷумла дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ гардидаанд, заминаи сазовор гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо муайян гардидааст.
Ҳозирини муҳтарам,
Рушди устувори оянда ҳамзамон ба пойдории сулҳу субот дар паҳнои Олам мустақиман рабт мегирад.
Мутаассифона, минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосирро мавҷи нооромиҳои хатарзо ва низоъҳои мусаллаҳона фаро гирифта, шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи бесобиқа баланди худ расидааст.
Ин ҳолат, дар баробари хатару таҳдидҳои дигари амниятӣ, суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоро ҷиддан ноустувор гардонида, метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддатро ба бор оварад.
Дар ин радиф вазъи фоҷеабори Фаластин имрӯз боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Мо ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез даъват менамоем.
Тоҷикистон бар он назар аст, ки татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин ягона роҳи муассири ҳалли ин қазия мебошад.
Айни замон эҳтимоли паҳн шудани алангаи ин низоъ ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна ҷой дорад.
Дар робита ба ин, ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки барои пойдор намудани сулҳи устувор дар Фаластин иқдомоти муассир андешад.
Ҳозирини гиромӣ,
Итминон дорам, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза барои баррасии фарогири нигарониҳои ҷаҳони Ҷануб дар доираи чорабиниҳои дигари сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити ояндаи Созмони Милал ва Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку заминаи босазо гузошта, ин масоилро мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи башарӣ қарор хоҳанд дод.
Ташаккур.