Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:24, December 24, 2024
temperature icon -4°C
Humidity 100 %
Pressure 1027 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз тибқи Нақшаи ташкили гузаронидани нишатсҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 9:00 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла хабарнигорони “АМИТ Ховар”, “Азя Плюс”, “ИТАР – ТАСС” шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “ Сафина”, “Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Мир”, “Илм ва табиат”, “Душанбе HD” шабакаҳои радиоии “Радиои Тоҷикистон”, “Ховар”, “Овози тоҷик” рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум”, “Бонувони Тоҷикистон” ва дигарон баргузор гардид.

​➢ Дар ифтитоҳи нишаст раиси Кумита ба намояндагони ВАО оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шакли рӯнамо гузориши мухтасар пешниҳод намуд.

➢ Қайд карда шуд, ки Кумита тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ барои татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар доираи ваколатҳо истифода бурда иҷроиши саривақтии онро таъмин намуда истодааст.

➢ Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд бо шарикони стратегӣ ва рушди созмонҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳо дар маҷмӯъ 19 санади ҳамкори таҳия гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз он 3 санади ҳамкорӣ дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ба имзо расонида шуд ва як санади дигар аз ҷониби Туркманистон ҷонибдорӣ гардида, 15 санади дигар дар баррасии ҷонибдорони дигар қарор доранд.

➢ Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз шумораи умумии санадҳои ҳамкории бо кишварҳои хориҷӣ баимзорасида 20 ададро (Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Белоруссия, Қатар, Италия ва Созмони ҳамкории Шанхай) ташкил медиҳад.

➢ Ҷиҳати рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 16 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 21 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар давраи ҳисоботи Кумита дар 3 (се) намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия фаъолона иштирок намуд.

➢ Тибқи маълумоти мақомоти сарҳади давлатӣ ба ҷумҷури дар моҳҳои январ-июни соли 2024 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 580,5 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ (тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ворид гардидаанд, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд мебошад.

➢ Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда 687,8 ҳазор нафар ё 91,9 фоиз ба мамолики ИДМ ва 60,5 ҳазор нафар ё 8,1 фоиз ба мамолики хориҷи дур, рост меояд.

➢ Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 214 ширкати сайёҳӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин миқдор дар ВМКБ 41 дар шаҳри Душанбе 101 адад, вилояти Суғд 46 адад, вилояти Хатлон 17 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд.

➢ Дар давраи ҳисобот дар маҷмӯъ 338 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз шумора 209 мењмонхона, 46 адад хостелњо ва мотел, 54 адад осоишгоҳ, 5 адад осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 адад марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 3 адад кемпинг ва 4 адад базаи сайёҳӣ ва истироҳатиро ташкил медиҳад.

➢ Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амалӣ қарор дорад.

➢ Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10, 0 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани руйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасониҳои машваратӣ амалӣ мегардад.

➢ Дар доираи татбиқи Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар давраи нимсолаи якуми соли 2024 бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия намудани “Нақшаи генералии сайёҳии вилояти Суғд” ва идомаи корҳои марбута дар минтақаҳои таъиншуда, ҳайати мушовирони ширкати байналмилалии машваратии “KEIOS SRL” санаи 29 апрели соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимнан, дар асоси дархости мушовирони ширкати машваратии “KEIOS SRL”, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати танзим намудани дидору мулоқоти ҳайати мушовирон бо роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ танзим карда шуд.

➢ Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳм арзанда мегузорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.69
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
24 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 24 Dec 2024 00:45 UTC
Latest change: 24 Dec 2024 00:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:24, December 24, 2024
temperature icon -4°C
Humidity 100 %
Pressure 1027 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph