Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:27, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 46 %
Pressure 1022 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

ЯҒНОБ-НИШОНЕ АЗ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Ин водии афсонавии Тоҷикистон дорои зарфияти хоси табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ аст

Дар шимоли Тоҷикистон, дар оғӯши кӯҳҳои барфпӯши Зарафшон як пораи таърихи зиндаи таърихи бостонии тоҷикон — мардуми яғнобизабон–суғдиёни қадим сукунат доранд, ки аз ҷониби муҳаққиқону донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон эътироф гардидаанд.

Яғноб — «дараи яхин» ва «дараи фарох»

Яғноб калимаи суғдӣ буда, онро муҳаққиқон ба маънии «дараи яхин» ва «дараи фарох» тафсир кардаанд. Яғноб водие аст, ки дар километри 150-уми самти шимоли Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд доман густурдааст. Ҳарорати ҳаво дар водии Яғноб дар фасли тобистон то 30+33 дараҷа гарм мешавад. Зимистон асосан 15-16 дараҷа сард шуда, дар баъзе ҳолатҳо сардии ҳаво ба 25-26 дараҷа мерасад ва 30-40 см барф меборад.

Парки табиии миллии «Яғноб» аз сатҳи баҳр дар баландии 2500 -3000 метр ҷойгир буда, бо тағйирёбии иқлим пиряхҳои кӯҳҳои Зарафшон солҳои охир об гардида, кам шудаанд. Баҳор дар Яғноб аз моҳи апрел оғоз меёбад. Ҳудуди 4-5 моҳ бо сабаби дароз будани фасли зимистон ва хавфи фаромадани тарма роҳ аз Яғноб ба марказ баста шуда, ҳаракати нақлиёт ва рафту омад қатъ мегардад.

Аз ин рӯ, мардуми ин водӣ дар фасли тобистон тамоми маводи зарурии эҳтиёҷоти рӯзгорашонро захира менамоянд. То расидан ба Парки табиии миллии «Яғноб» аз Душанбе аз як самт 6 соат роҳи пурпечутоби кӯҳии мушкилгузарро қад-қади рӯди Яғноб, ки хатарнок ҳам мебошад, тавассути автомобил убур намуда, ба деҳаи Махтимайн –яке аз қисматҳои Парки табиии миллии «Яғноб»расидем.

Парки табиии миллии «Яғноб» беш аз 57 ҳазор гектар масоҳат дорад

Директори Парки табиии миллии «Яғноб» Ниёз Каримов, ки беш аз 40 сол аст дар ин водӣ зиндагӣ менамояд, доир ба таърихи таъсис ва зарфияти Парки табиии миллии «Яғноб» маълумоти муфассал дод.

Ӯ гуфт, ки Парки табиии миллии «Яғноб» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 бо мақсади ҳифзу барқарорсозии маҷмуаҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ, ёдгориҳои дорои табиати намунавӣ ва нодир, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди туризми экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таъсис дода шудааст.

Ҳудуди Парки табиии миллии «Яғноб» хеле васеъ буда, 57 ҳазору 544 гектарро ташкил медиҳад ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ баландкӯҳ буда, дорои экосистемаҳои гуногуни табиӣ ва олами бойи набототу ҳайвонот мебошад. Дар Парки табиии миллии Яғноб 8 нафар нозир фаъолият дорад.

Парки табиии миллии «Яғноб» — макони сукунати бабри барфӣ

арки табиии миллии «Яғноб» яке аз мавзеъҳои дорои захираҳои зиёди гуногунии биологӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни дарахтон, гулу растанӣ ва гиёҳҳои шифобахш- хуч, зирк, камол, касруф, панҷангушт, ковили яғнобӣ, думи рӯбоҳ, сичи кӯҳӣ ва садҳо дигар намуди гиёҳҳои шифобахш ва олами ҳайвонот мебошад. Дар ин ҷо ҳайвоноти нодир- бабри барфӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, силовсин, хирси маллаи тиёншонӣ, гурги бури тибетӣ, суғури сурх, шоҳин, бургут, кумай, кабк, мурғи ҳилол ва дигар намуди парандагон ва ҳайвонот сукунат доранд.

Пешвои миллат аввалин Роҳбари давлат мебошанд, ки ба Яғноб сафар намудаанд. То Истиқлоли давлатӣ ягон нафар аз роҳбарони замони то соҳибистиқлолӣ, вилоят ва ҳатто ноҳияи Айнӣ ба Яғноб сафар накарда буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи аввалин роҳбарони давлат мебошанд, ки соли 2011 ба водии Яғноб сафар намуда, бо сокинони воқеан хоксору самимӣ ва мушкилписанди ин водии дурдасти Тоҷикистон суҳбати озоду самимӣ намуданд. Маҳз бо иқдоми Пешвои миллат дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 – и Ҷамоати деҳоти Анзоб барои фарзандони ин водӣ мактаб – интернати замонавӣ бунёд гардид, ки дар он тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон фароҳам оварда

шудаанд.

Инчунин ҳангоми сафарашон ба водии Яғноб Сарвари давлат ба ҳар сари хоҷагӣ 1-ададӣ панелҳои офтобӣ тақдим намуданд. Дар водӣ муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида, ҳолати роҳу нақлиёт рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Соли 1970 беш аз 3 ҳазор аҳолии Яғнобро ба Зафаробод кӯчониданд.

Мардуми Яғноб борҳо ба имтиҳони душвори зиндагӣ мувоҷеҳ гардида, чунин ҳолат боиси он шудааст, ки онҳо тадриҷан ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон паҳн гарданд. Яке аз омилҳои ин раванд он аст, ки Яғноб кӯҳистони дурдаст буда, аз роҳҳои мошингард ва мактабу беморхона маҳрум буд. Инчунин кам будани заминҳои корам ва набудани ҷойҳои корӣ як қисми мардуми водиро водор намуд, ки ватани аҷдодиашонро тарк карда, ба таҳдаштҳо фароянд. Яғноб қабл аз муҳоҷирати сокинонаш аз 32 деҳа иборат буда, қариб 4000 нафар аҳолӣ дошт. Тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1970, 3200 нафар аҳолии он ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида шуд. Қисми дигари аҳолӣ пеш аз муҳоҷиркунонӣ шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Варзобро ҷойи истиқомат қарор доданд. Бо мурури замон як зумра яғнобиҳои таҳдашт ба диёри бобоии худ-Яғноб баргашта, ба эҳёву ободии он шуруъ намуданд. Ватани аҷдодии суғдиён тадриҷан аз нав обод ва муҳимтар аз ҳама, дар кӯҳистони Яғноб суннатҳои маҳаллии мардум аз нав эҳё гардиданд.

Дар Яғноб санги осиёби бобоӣ ҳанӯз ҳам дар гардиш аст

Дар ҳудуди деҳаи Махтимайни Яғноб осиёби обии бобоӣ, ки соли 1998 бунёд гардидааст, ба аҳолии деҳа барои тайёр кардани орди гандум хизмат мерасонад.

Директори Парки табиии миллии «Яғноб» Ниёз Каримов мегӯяд, ки афзалияти осиёби обӣ он аст, ки гандумро намесӯзонад ва ғизонокии гандум ҳифз мегардад.

Санги осиёб бо суръати об давр мезанад ва дар як шабонарӯз то 10 халта гандум орд менамояд.

Санги осиёби обиро яке аз устоҳои сангтароши Яғноб-бобои Аваз сохтааст.

Чунин осиёбҳои обӣ дар дигар деҳаҳои Яғноб низ сохта шудаанд.

Забони яғнобӣ як лаҳҷаи кӯҳистонии шохаи уструшанаи забони суғдӣ аст

Забони яғнобӣ (yaγnobi zivok) яке аз забонҳои қадимаи дорои таърихи 400-500-солаи пеш аз мелод буда, ба забонҳои эронии гурӯҳи забонҳои шимоли шарқӣ мансуб аст. Он идомаи таърихии як лаҳҷаи кӯҳистонии шохаи уструшанаи забони суғдӣ аст, ки бо сабаби дар инзивои кӯҳистон қарор доштани соҳибонаш то ба ҳол маҳфуз мондааст ва аз ин рӯ, бархе аз эроншиносон онро «забони суғдии нав» низ гуфтаанд. Ба андешаи муҳаққиқон, забони яғнобӣ аз забони суғдӣ боз монда, яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба шумор меравад.

Тавре директори Парки табиии миллии «Яғноб» Ниёз Каримов иброз намуд, дар водии Яғноб мардум, ҳатто кӯдакон то ба синфи 1 рафтан бо забони яғнобӣ гап мезананд. Гӯишварони забони яғнобӣ дар 22 деҳаи водии Яғноб зиндагӣ менамуданд. Дар асрҳои XVI-XVII бархе аз яғнобиён ба минтақаҳои соҳилии рӯди Варзоб кӯчида, ҳоло дар деҳаҳои Кӯктеппа, Зуманд, Гаров, Роғ ва Дара истиқомат доранд. Хонаводаҳои яғнобиён дар деҳоти дараи Харангон ва бархе аз деҳаҳои Мавлонҷари Боло, Ободдара, Наврӯзӣ, Ҷабалай, Суғдиён, Тутака, Хонақоҳ ва дигар деҳаҳои дараи Алмосии шаҳри Ҳисор низ истиқомат мекунанд.

Мардуми Яғноб дар баробари забони модарӣ забони тоҷикиро низ медонанд

Имрӯз аксари яғнобиён дузабона буда, дар канори забони модариашон забони тоҷикиро низ медонанд. Ҳоло дар ҳудуди минтақаҳои болооби водии Зарафшон (Фондарё ва Яғноб), Анзоб, Такфон номҳои маҳалҳои зиёде маҳфуз мондаанд, ки аз ташаккули забони пешини суғдӣ ё яғнобӣ дар ин минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Соли 1970 яғнобиёнро ба ноҳияи Зафаробод кӯчонданд, ки аксарашон то ба ҳол дар деҳкадаҳои ин ноҳия зиндагӣ мекунанд. Назар ба маълумоти муҳаққиқон, дар деҳкадаи Гулистон сокинони собиқи деҳаҳои яғнобии Пискон ва Деҳбаланд, дар деҳкадаи Пахтакорон сокинони собиқи деҳоти Векоб ва дар маркази Зафаробод сокинони деҳаҳои Қул ва Номиткон маскун шудаанд. Дар ин деҳкадаҳо ҳатто кӯчаҳо бо номи деҳаҳои Яғноб номгузорӣ шудаанд.

Забони яғнобӣ забони навхат ба шумор меравад ва аз охирҳои даврони шӯравӣ кӯшиши соҳибхат кардани ин забон ба миён омад, ки ба ин раванд қабул шудани Қонуни забон, ки дар яке аз моддаҳои он пуштибонии давлат аз забонҳои яғнобӣ ва помирӣ гуфта шуда буд, суръат бахшид. Барои забони яғнобӣ дар асоси хати кириллӣ алифбое таҳия шуд, ки баъдан дар заминаи он китобҳои дарсӣ ва осори бадеию фолклорӣ ва фарҳангҳои гуногун чоп шуданд.

Тасвири манзараҳои афсонавии табиати Яғноб

Табиати зебову афсонавии водии Яғноб қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд. Дар ин водӣ дар як вақт чанд фасли солро мушоҳида менамоед. Агар дар даромадгоҳи водӣ тобистон ҳукмфармоӣ дошта бошад, баъдан бо тай кардани масофаи зиёди роҳ шумо худро дар оғӯши фасли баҳори сарсабз эҳсос менамоед.

Дарахтон гӯё нав барг намудаанд, бӯи муаттари гиёҳу растаниҳои шифобахш ба машом мерасад, тамошои лолахасакҳои ёбоӣ ва дигар гулу буттаҳои табиати кӯҳистон, ки танҳо аз қабзаи муғчаҳо раҳо ва шукуфо гардида, аз насими форами кӯҳистони Яғноб мавҷ мезананд, дидаҳоро равшан намуда, нуру зиё ато менамоянд. Ин аст, ки зебоиҳои афсункори ин гӯшаи нотакрори табиати Тоҷикистон сайёҳону ҷаҳонгардонро аз давлатҳои дурдасти ҷаҳон ба худ ҷалб намудаанд.

Дар роҳ бо сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ гардидем, ки савори дучарха саргарми тамошои қуллаҳои барпӯши каторкӯҳҳои Зарафшон буданд. Бархе аз онҳо дар канори дарёи Яғноб хайма зада, аз ҳавои тоза, манзараҳои нотакрори табиати кӯҳистони ин водии афсонавӣ ва мавҷҳои хурӯшони дарёи Яғноб кайфият мебардоштанд.

Ба тамошои Яғноб бештар сайёҳон аз Русия, Амрико, Британияи Кабир, Австралия ва дигар мамлакатҳои Аврупо меоянд. Дар деҳаҳои водӣ барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд гардидаанд, ки ба рушди туризм мусоидат менамоянд.

Яғноба обаш ширин, кӯҳҳош ҷомасимин…

Дарёи Яғноб шохоби асосии дарёи Фондарё аст, ки аз пиряхҳои қаторкӯҳи ҷомасимини Зарафшон, аз дарёчаҳои Такоби Қул, Такоби Ветихон, Кумарғ, Қули Босавот сарчашма мегирад.

Дарёи Яғноб бо Искандардарё якҷоя шуда, Фондарёро ташкил медиҳад ва 2 километр то шаҳраки Айнӣ нарасида, бо дарёи Зарафшон якҷоя мешаванд.

Дарозии дарёи Яғноб ҳамроҳ бо Фондарё 140 километрро ташкил мекунад.

Дарёчаҳои Такоби Қул, Такоби Ветихон, Кумарғ, Қули Босавот, ки шохобҳои дарёи Яғноб мебошанд, обашон софу зулол, ба мисли шир сафед ва хеле ширину сард аст ва аз нӯшиданаш кас сер намешавад.

Шуғли асосии сокинони Яғноб — кишоварзӣ ва чорводорӣ

Тағйироти иҷтимоии асри ХХI дигаргунии назаррасро дар тарзи ҳаёти одамон дар ин водӣ ба вуҷуд овард.

Аз 33 деҳае, ки дар водии Яғноб мавҷуд аст, дар 18 деҳа 90 хоҷагӣ -беш аз 500 нафар зиндагӣ ва бо забони яғнобӣ гуфтугӯ менамоянд. Шуғли асосии сокинони Яғноб кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, ба парвариши гову гӯсфанд, буз ва солҳои охир ба парвариши қутос ҳам машғул мебошанд.

Сокинони Яғноб гандум ҳам мекоранд, аммо дар ин макон кишти картошка босамартар буда, ҳосили фаровон рӯёнида мешавад.

Аҳолии Яғноб аз ҳисоби неругоҳҳои хурди худсохт бо неруи барқ таъмин аст. Дар деҳаи Чикат нуқтаи тиббӣ мавҷуд буда, тавассути антенаҳои моҳворавӣ барномаҳои телевизионҳои давлатӣ дар водии Яғноб пахш мегарданд. Инчунин сокинон аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ-ширкати Тсеll бархӯрдор ҳастанд.

Бо таъсиси Парки табиии миллии «Яғноб» инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуд

Дар водии Яғноб, сарфи назар аз раванди тағйироти иҷтимоӣ хусусияти одоби муошират, зиндагӣ, пухтупаз ва либоси анъанавӣ нигоҳ дошта шуда, ҳунарҳои кулолгарӣ, кишоварзӣ ба таври анъанавӣ боқӣ мондаанд. Водии Яғноб ба монанди баъзе минтақаҳои кӯҳиcтони Тоҷикистон метавонад осорхонаи зиндаи этнографӣ арзёбӣ гардад.

Таъсиси Парки табиии миллии «Яғноб» қадами саривақтӣ буда, ба манфиати сокинони Яғноб аст. Он на танҳо барои ҳифзи забон, фарҳанги хос ва сарватҳои табиӣ, балки дар маҷмуъ барои фарҳанги мардуми тоҷик хеле муҳим мебошад. Бо таъсиси парк инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла ба тамоми деҳаҳо роҳ кушода шуда, бо техникаи роҳсозӣ таъмин гардиданд, ки роҳҳо тоза карда мешаванд.

Имрӯз мардуми Яғноб ҳамчун меросдори суннатҳои аҷдодӣ барои ободонии зодгоҳашон заҳмат мекашанд. Водии Яғноб дорои сарватҳои зеризаминӣ, обҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва иқтидори сайёҳӣ мебошад.

Дар ин водӣ барои рушди боғдорӣ, соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳгардӣ имконияти зиёд мавҷуд аст, ки истифодаи оқилонаи ин иқтидор ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардуми Яғноб мусоидат менамояд.

Сарчашма: https://khovar.tj/2024/08/ya-nob-nishone-az-su-diyoni-adim-in-vodii-afsonavii-to-ikiston-doroi-zarfiyati-hosi-tabi-far-ang-va-sajyo-ast/

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:27, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 46 %
Pressure 1022 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph