ЯҒНОБ-НИШОНЕ АЗ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Ин водии афсонавии Тоҷикистон дорои зарфияти хоси табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ аст

Дар шимоли Тоҷикистон, дар оғӯши кӯҳҳои барфпӯши Зарафшон як пораи таърихи зиндаи таърихи бостонии тоҷикон — мардуми яғнобизабон–суғдиёни қадим сукунат доранд, ки аз ҷониби муҳаққиқону донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон эътироф гардидаанд. Яғноб — «дараи яхин» ва «дараи фарох» Яғноб калимаи суғдӣ буда, онро муҳаққиқон ба маънии «дараи яхин» ва «дараи фарох» тафсир кардаанд. […]