Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Meeting with the President of the Islamic Republic of Iran Masoud Pezeshkian

On 30 July, the Founder of Peace and National Unity – Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Honorable Emomali Rahmon, met with the President of the Islamic Republic of Iran, Masoud Pezeshkian Initially, the Head of our State, Honorable Emomali Rahmon, congratulated Honorable  Masoud Pezeshkian on the occasion of the beginning […]

Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд. Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон […]

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон […]

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро  ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд. Пешвои […]

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро […]

Оғози сафари корӣ дар Теҳрон

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён вориди шаҳри Теҳрон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии меҳмони олимақом […]

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд. Президенти кишвар муҳтарам […]