Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:54, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гуруҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли махсулоти полипропиленӣ дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи мазкур соли 2020 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардида буд.

Марҳилаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд. Мувофиқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн. дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн. дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мегардад, вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин ва қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.

Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи дигари маҳсулоти саноатӣ равона карда шавад.

Ғайр аз халтаҳо барои семент ҳамчунин ширкати “Ғаюр Гуруҳ” тибқи фармоиш имкон дорад, ки тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро ба роҳ монад.

Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шуруъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он дар худи корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.

Президенти кишвар зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ аз Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон харидорӣ ва ба корхона ворид гардидааст.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар кишвар ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар сохта шудааст.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва платаҳои чопӣ аз хатҳои автоматии аз ҳамдигар мустақили платаҳои чопӣ SMT line, рангуборкунӣ, насбу васли фурӯзонакҳои диодии мурудшакл, пресофарии оҳан, пластмасса барои фурӯзонакҳо ва ғайра иборат мебошад.

Хати истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, балки барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳамчунин мошинсозию мебелбарорӣ тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат дар кишвар мегардад.

Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Дар маҷлисгоҳи корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои минбаъдаи ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” муаррифӣ карда шуд. Тибқи нақша дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд меёбад. Корхонаи мазкур аз пажуҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хати васлу насб иборат мебошад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Аз ҷумла семент, гаҷкартон, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гурӯҳ” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони кишвар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:54, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph