Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:38, October 3, 2025
19°C
45 %
1019 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 06:22
Sunset: 18:05
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
16°/18°°C 0 mm 0% 0 mph 43% 1019 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
16°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 43% 1020 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
19°/19°°C 0 mm 0% 2 mph 36% 1022 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 25% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 3 mph 22% 1019 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 5 mph 24% 1018 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 4 mph 35% 1020 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 1020 mb 0 mm/h

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.

Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси 4 корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо иҷрои саривақтии ҳамин супориши Роҳбари давлат Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин сохта ба истифода дода шуд.

Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад.

Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Намудҳои гуногуни маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” истеҳсол карда мешавад, дар мағозаи корхона муаррифӣ карда шуд.

Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

Умуман дар ҳамин мавзеъ таъсиси ҳамин гуна 4 корхонаи саноатӣ бо  300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар ҳамин рӯз марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» муаррифӣ карда шуд. Хати нави технологӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна маъданро дошта, аз он хокаи тилло истеҳсол мешавад.

Арзиши умумии сохтмони марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ»  650 миллион сомониро ташкил намуда, дар он таъсиси 600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.58
US TJS/USD9.33
EU TJS/EUR10.97
RU TJS/RUB0.11
02 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 02 Oct 2025 13:40 UTC
Latest change: 02 Oct 2025 13:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:38, October 3, 2025
19°C
45 %
1019 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 75%
Sunrise: 06:22
Sunset: 18:05
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
16°/18°°C 0 mm 0% 0 mph 43% 1019 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
16°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 43% 1020 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
19°/19°°C 0 mm 0% 2 mph 36% 1022 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 25% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 3 mph 22% 1019 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 5 mph 24% 1018 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 4 mph 35% 1020 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 1020 mb 0 mm/h