Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:16, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ

Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ноҳияи Ванҷ 35 миллиону 192 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, суръати рушд ба 110,8 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 431 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад ва ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия мусоидат намудааст.

Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 24 миллиону 264 ҳазору 681 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 24 миллиону 631 ҳазору 908 сомонӣ ворид гардид, ки 101,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 367 ҳазору 227 сомонӣ зиёд мебошад.

Намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ Камолиддин Муминзод доир ба мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои ҷангу гуруснагӣ дар баъзе давлатҳо ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла ҷумҳуриамон изҳори назар кард. Таъкид шуд, ки натиҷаҳо назаррас бошанд ҳам, дар баробари пешравиҳо, самти иҷтимоию иқтисодӣ дар ноҳия аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест ва вобаста ба камбудиҳое, ки пешниҳод гардид, тавсияву пешниҳодҳои мушаххас баён дошт.

Муминзод Камолиддин дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.

Намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ даъват намуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024», мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, бо олимон ва кормандони маориф, инчунин, Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2021-2025, Нақшаи генералӣ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ роҳандозӣ карда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва ободониро вусъат бахшем.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:16, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph