Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:54, July 17, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 27 %
Pressure 1003 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 июл сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Бо нишони эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин баргашт.

Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим – Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.

Руйдоди таърихии сафари давлатии Роҳбари кишвари ҳамсоя бо Ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин мукофоти олӣ дар таърихи давлатдории Чин бори аввал берун аз кишвар ва он ҳам ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии муҳтарам Си Ҷинпин дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе чорабинии муҳиму хотирнишин – ифтитоҳи биноҳои наву муҳташами Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки самараи неки ҳамкории ду давлат ва намунаи олии муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.9
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.66
RU TJS/RUB0.12
17 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 17 Jul 2024 13:10 UTC
Latest change: 17 Jul 2024 13:10 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:54, July 17, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 27 %
Pressure 1003 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph