Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд
2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид. […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд
1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд. “Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз […]