МУЛОҚОТ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО ГУРӮҲИ ДӮСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ
28-уми июни соли 2024 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо мулоқот намуд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ пас аз сухани ифтитоҳӣ, ба меҳмонон оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, зиёратӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии […]