Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:33, June 15, 2024
temperature icon 28°C
Humidity 44 %
Pressure 1010 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд.

“Ҷумҳурии Замбия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об, яъне эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”-ро дар Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ намуд. Мо аз ин иқдоми кишвари шумо сипосгузорем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои имрӯзаи сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Замбия ва ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он,  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барои рушди муносибатҳои дуҷониба мувофиқи мақсад дониста шуд, ки масъалаҳои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, роҳандозии робитаҳои Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ба баррасӣ гирифта шаванд.

Рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба амри муҳим дониста шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва табодули таҷриба дар ин соҳаҳо, инчунин, роҳандозии равобити фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, истифодаи зарфиятҳои фаровони сайёҳии Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро муҳокима намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.75
EU TJS/EUR11.51
RU TJS/RUB0.12
15 Jun · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 15 Jun 2024 00:25 UTC
Latest change: 15 Jun 2024 00:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:33, June 15, 2024
temperature icon 28°C
Humidity 44 %
Pressure 1010 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph