Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург яке аз чорабиниҳои бошукуҳи Россия бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, имсол дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз 5 июни соли 2024 оғоз гардида то 8 июни соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар кори Форуми мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Холиқзода Ҳоким, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Хуршедаи Қодир ва раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Муминзод Камолиддин ширкат варзида истодаанд.
Чорабинии мазкур расман рӯзӣ 5 июн таҳти унвони “Асоси бисёрқутбии ҷаҳон – ташаккули нуқтаҳои нави афзоиш” ифтитоҳ гардид.
Соли ҷорӣ дар чорабинӣ беш аз 17 ҳазор нафар, 3400 намояндаи васоити ахбори омма аз 136 кишвари ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.
Дар рафти чорабинӣ баргузории ҷаласаҳои пленарӣ аз қабили “Такмили низоми андоз: адолат мувозинат, субот”, бо иштироки роҳбарияти воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, вохӯриҳои рӯ ба рӯ (B2B), Форуми иқтисодии ҷавонон, Форуми соҳибкорони хурду миёна, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург шуруъ аз соли 1997 то инҷониб ҳамасола дар шаҳри Санкт-Петербурги Фелдератсияи Россия бо иштироки Президенти Федератсияи Россия баргузор мегардад.