Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:48, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12-умин Конфронси вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

Рӯзҳои 1-2 июни соли 2024 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12-умин конфронси вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти унвони “Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 ” бо иштироки котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ – ҷаноби Ҳусейн Иброҳим Тоҳа, котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ҷаноби Хусрав Нозирӣ, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷаноби Азиз Абдухакимов, меҳмонони воломақом, вазирони сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ ва намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва дохилӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинии мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Муминзод Камолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ раиси иҷлосияи 11-умин Конфронси исломии вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон) роҳбарии раёсатро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорид.

Сипас вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷаноби Азиз Абдухакимов, котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ – ҷаноби Ҳусейн Иброҳим Таҳа бо суханҳои ифтитоти кори конфронсро расман ифтитоҳ намуданд.

Дар рафти конфронс ду иҷлосияи корӣ ташкил карда шуд.

Дар иҷлосияи якум рӯзнома ва барномаи кории конфронси вазирони сайёҳии СҲИ қабул гардида, ҳисоботи роҳбари 11-умин ҷаласаи вазирони сайёҳии СҲИ ва инчунин маърӯзаҳои кишварҳои аъзои СҲИ шунида шуд.

Дар қисми дуюми иҷлосияи корӣ изҳороти вазирон ва сарони ҳайатҳо шунида шуда, қарорҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар фазои СҲИ қабул карда шуд.

Илова бар ин, сана ва ҷои баргузории 13-умин конфрони вазирони сайёҳии СҲИ муайян гардида, шаҳрҳои сайёҳии СҲИ барои солҳои 2025, 2026 ва 2027 ба ҳозирин аз ҷониби котиботи СҲИ эълон карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа суханҳои хотимавии котиби генералии СҲИ ва роҳбари 12-умин конфронси вазирони сайёҳии СҲИ шунида шуда, эъломияи 12-умин конфронс аз ҷониби кишварҳои узв қабул гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:48, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph