Дар идомаи сафари расмӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Муминзод Камолиддин бо вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷаноби Азиз Абдуҳакимов доир гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар самти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя, роҳандозии хатсайрҳои сайёҳии муштараки гуногунсамт, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳандози намудани сафарҳои муштараки мактаббачагон миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
