Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:05, June 15, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1009 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро бо 30-солагии таъсисёбии ин ниҳоди муҳимми Қувваҳои мусаллаҳ табрику таҳният гуфтанд.

“Қӯшунҳои сарҳадии мо дар таърихи начандон тӯлонии мавҷудияти худ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба яке аз сохторҳои неруманду муназзами Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мубаддал гардида, ҳоло бо асосҳои мустаҳками моддиву техникӣ, шароити муосир ва муҳимтар аз ҳама, ҳайати фармондеҳӣ ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ таъмин мебошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шудааст ва хизматчиёни ҳарбӣ ин масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва рисолату қарзи муқаддаси фарзандии худро аз оғози таъсисёбии ин сохтори низомӣ то имрӯз бошарафона анҷом медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки Ватан аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас ва суннатҳои бостонии миллати тоҷик мебошанд ва тамоми фарзандони қаҳрамони халқамон, ки мо имрӯз ному корномаи онҳоро бо ифтихор ба ёд меоварем, маҳз фидокорони роҳи ҳимояи марзу буми Ватан ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ буданд.

Аз ин ру, Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҳар як сарбозу афсар, аз ҷумла марзбонони шуҷоъ моҳияти ватандорӣ ва истиқлолу соҳибихтиёриро амиқан дарк кунанд ва бо ҷону дил эҳсос намоянд, ки Ватан – Модар мафҳумҳои муқаддас ва истиқлолу озодӣ неъмати бузург барои ҳар яки мо мебошанд.

Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ арҷ мегузорад, шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷонфидоӣ намудаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи бисёр ҳассосу ноороми минтақа ва ҷаҳон андешаронӣ карда, аз сарҳадбонон талаб карданд, ки беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд, омодабошии худро мунтазам баланд бардоранд ва ба иҷрои рисолати касбии худ дар назди Ватан – Модар бо масъулияти бештар муносибат намоянд.

Дар охир Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки марзбонони шуҷои Ватан – ҳамчун ҷавонмардони бонангу номуси миллат дар оянда низ на танҳо дар ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин, дар рушду пояндагии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки ормони ҳазорсолаи ниёгони некноми мо мебошад, пешсафу намуна хоҳанд буд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сазовори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.75
EU TJS/EUR11.51
RU TJS/RUB0.12
15 Jun · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 15 Jun 2024 00:25 UTC
Latest change: 15 Jun 2024 00:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:05, June 15, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1009 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph