Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:02, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 46 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд

25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин, захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа баррасӣ гардида, барои амалисозии ҳадафҳои созанда ва ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди мақомоти давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони вилоятҳои дигар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар дастур доданд, ки аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ идома татбиқи нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи кишоварзиро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар чор моҳи аввали соли 2024 дар кишвар ба маблағи 5 миллиарду 158 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд мебошад. Аммо имкониятҳо барои рушди соҳа ҳоло ҳам зиёданд.

Тибқи маълумот дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 фоиз зиёд мебошад. Вале нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имкониятҳои вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани майдони кишт, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазорати кишоварзӣ ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ тадбирҳои муассир андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрории картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд кардани масоҳати заминҳои кишт ҷалб намуданд.

Вилояти Хатлон дар самти содироти меваю сабзавот, бахусус меваю сабзавоти барвақтӣ, иқтидори бузург дорад, вале истифодаи ин имкониятҳо ҳанӯз ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар даҳаи дуюми моҳи май дар натиҷаи боридани боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳо омадани сел, обхезӣ ва сангрезиш рух дода, дар баробари расонидани зарари иқтисодӣ талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.

Ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пурра бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кумаки зарурӣ ба зарардидагон дар самти огоҳсозии пешакии аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии экологӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар вилояти Хатлон барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳавӣ 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 9,7 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва пешгирии ҳодисаҳои фавқулода равона карда шудаанд.

Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ дар доираи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва лоиҳаҳои дар Барномаи давлатии сармоягузорӣ дарҷгардида вусъат дода шавад.

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз зиёд мебошад, вале аз суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 3,3 банди фоизӣ кам аст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан, саноати коркард ниҳоят зиёданд, ки ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.

Таъкид карда шуд, ки ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба ҳалли онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат ба масъулин супориш доданд.

Инчунин, дастур дода шуд, ки ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимтарин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суръат бахшида шавад.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар гардида истодааст. Бо вуҷуди ин, дар вилояти Хатлон як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҷой доранд.

Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла аз ҳолати садамавӣ баровардани як қатор муассисаҳои таълимӣ ва таъмини омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар соҳаи тандурустии вилоят низ як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла норасоии табибон, ба талабот мутобиқ набудани бинои баъзе муассисаҳои тандурустӣ ва кам будани воситаҳои нақлиёти тиббӣ мушоҳида мегарданд.

Ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бунёду барқарорсозии 28 ҳазору 435 иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла 6 ҳазору 260 иншоот дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъин гардидаанд, вазифадор шуданд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин, риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар машварат Сарвари давлат бо истифода аз иштироки роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш доданд, ки фаъолон барои бартараф кардани камбудиҳое, ки рӯзи 9 март дар мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ баён гардиданд, масъулияти баланд дошта бошанд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба ҳамаи сокинони вилоят ва ба роҳбарону фаъолон барори кор орзу намуданд.

Дар қисмати дуюми мулоқот раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд ва зимнан ба онҳо доир ба ҷоннок намудани корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият супоришҳои дахлдор дода шуд.

Зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ва суолу ҷавобҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, аз ҳисоби гандум ва дигар ғалладонаҳои худӣ, ки имсол ҳосили фаровони он ба чашм мерасад, зиёд намудани захираҳои давлатӣ ва содироти меваю сабзавоти барвақтӣ ба хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ оид ба ин ва дигар масоил, аз ҷумла барои дарёфти роҳҳои паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар заминҳои кишоварзии ноҳияи Данғара, баланд бардоштани сифати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нигоҳубини дурусти зербинои нақлиётӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин зарурати иҷрои босифати супоришҳои дар вохӯрӣ бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла доир ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирӣ аз фирефта шудани ҷавонону наврасон бо афкори таассубу тундравии динӣ, таъкид гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:02, December 21, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 46 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph