Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:29, June 15, 2024
temperature icon 28°C
Humidity 44 %
Pressure 1010 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузоштанд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.

Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ширкати Ашёҳои глобалии офтобӣ – и Ҷумҳурии Корея (Global Solar Wafer) дар 4 марҳила бунёд гардида, баъд аз татбиқи пурраи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар дар чор марҳила бо кор таъмин карда мешаванд, ки 95 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ равона карда шуда, ҳаҷми сармоягузории он дар чор марҳила 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар қисми ғарбии Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди ин корхонаи бузург 22 гектар замин ҷудо гардида, оғози корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал моҳи июли соли равон пешбинӣ шудааст.

Зимни муаррифии ин тарҳи муосири корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал моҳи марти соли 2025 ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт ба роҳ монда мешавад.

Ба роҳ мондани истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар корхонаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз” заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дода, иншооти бунёдшавандаро намунаи олии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва рушди истеҳсолот арзёбӣ намуданд.

Дар соли 2023 гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 116,1 миллион долларро ташкил дода, айни ҳол беш аз 13 ширкати хизматрасониву истеҳсолии ин кишвар дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Дар кишвари мо барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ беш аз 100 намуди имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст, ки ин барои пешбурди кори савдою тиҷорат ва дигар намуди хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва иқдомҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки имрӯз фаъолияти назаррас доранд.

Айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 34 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 8-тои он фаъолият намуда, дар соли 2023 ба миқдори 73 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар 4 моҳи аввали соли 2024 теъдоди субъектҳои минтақа ба 35 адад расонида шуд, ки аз ин миқдор 8 субъекти саноатӣ, 3 муассисаи хизматрасон, 13-то машғули корҳои ташкилӣ ва амалишавии лоиҳа ва 11 корхона дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор доранд.          

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.75
EU TJS/EUR11.51
RU TJS/RUB0.12
15 Jun · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 15 Jun 2024 00:25 UTC
Latest change: 15 Jun 2024 00:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:29, June 15, 2024
temperature icon 28°C
Humidity 44 %
Pressure 1010 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph