Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:17, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 52 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара гулгашт ва майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳоти Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар мавзеъи зебоманзари маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Дар майдони гулгашти Парчами давлатӣ фавораи замонавӣ сохта шудааст, ки ба он ҳусну зинат мебахшад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири шаҳрвандони кишвар махсусан наврасону ҷавонон дар марказ ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мамлакат парафшон карда мешавад.

Муқаддасоти миллӣ – мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии сокинони кишвар буда, ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан ва ҳимояи ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги ниёгон, корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як сокини ватандӯст мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Парчами давлатиро дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара рамзи муаррификунандаи давлату миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  буда,  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, хусусан наврасону ҷавонон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:17, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 52 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph