Суҳбати телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, ба онҳо […]
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
24 май дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе ифтитоҳи расмии 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ, ки тавассути автобусҳои дуқабата амалӣ карда мешаванд, баргузор мегардад. Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии пойтахт, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву марказҳои савдову хизматрасонӣ, воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок менамоянд. Аз ҷониби […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ […]