Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:41, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 – солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Сипас, аксгирии якҷояи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ва вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба шаҳри Москва ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он шумораи зиёди низомиён иштирок намуданд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанг гиромӣ доштанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:41, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph