Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:24, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Нахустин форуми туропретарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Боку баргузор гардид

2 майи соли 2024 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин форуми туроператорони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки намондагони мақомотҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲИ ва ширкатҳои сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ иштирок намуда истодаанд.

Форуми мазкур бо мизбонии Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон дар мавзуи “Туризм дар минтақаи СҲИ: имкониятҳо ва мушкилотҳо” ташкил гардида, бо суханронии дабири кулли СҲИ ҷаноби Хусрав Нозирӣ ифтитоҳ гардид.

Дабири Куллӣ СҲИ ҷаноби Хусрав Нозирӣ дар суханронии худ ба Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон барои дастгирӣ ва баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои узви СҲИ такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин аз ҷониби дабири кулли СҲИ ҷаноби Хусрав Нозирӣ маълумот вобаста ба рушди сайёҳӣ дар минтақаи СҲИ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар Озарбойҷон ба иштирокчиён дода шуд.

Баъд аз суханрониҳои меҳмонони воломақом нахустин форуми туроператорони давлатҳои аъзои СҲИ, ки бори аввал ташкил гардида истодааст, бо ташкили панелҳо ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби коршиносон идома ёфт.

Дар кори панелҳо аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳии кишварҳои узви СҲИ тамаркуз вобаста ба аҳамияти ҳамкорӣ дар таҳияи бастаҳои сайёҳи муштараки давлатҳои аъзои СҲИ, аз ҷумла ECO Duo, ECO Multi, ECO Nature ва Capital Tourism ECO-ро мавриди муқокима қарор доданд. Дар муҳокимаҳои панелӣ ба стратегияҳои таҳия, татбиқ ва маркетинги хатсайрҳо, аҳамияти ҷалби муштариёни маҳаллӣ ва ҷавонон, тавлиди талабот ва бастани шартномаҳои мувофиқ дода шуд.

Ёдрасон бояд кард, ки нахустин форуми туроператорони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ рӯзи 2 майи соли 2024 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардида, то санаи 4 майи соли 2024 идома хоҳад ёфт.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:24, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph