Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар маҷмуъ аз руйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав ба имзо расид: – Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд

23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд. Маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Италия “Палатсо Киджӣ” сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]