11 апрели соли 2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда бо иштироки роҳбарияти Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои маҳаллӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Ҳайати мушовара ҳисоботҳои муовини якуми Раиси Кумита Рустам Холматиён оид ба “натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024, директори генералии КВД “Маркази иттилоотии хизмантрасониҳои сайёҳӣ”, сардори шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон ва мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор шунида шуд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласаи Ҳайати мушовара масъалаҳои гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумита ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ ва маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.