Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:42, October 10, 2025
17°C
39 %
1016 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 06:28
Sunset: 17:54
Hourly Forecast
23:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 3 mph 35% 1016 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
14°/15°°C 0 mm 0% 2 mph 33% 1015 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1015 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 17% 1015 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 7% 1013 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
28°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 5% 1011 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 2 mph 6% 1011 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 11% 1015 mb 0 mm/h

Ифтитоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “КСМ – 2020” бунёд шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 150 бинокори маҳаллӣ ҷалб гардиданд. 

Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ имкониятҳои беҳтарин фароҳам мебошад.

Дар ошёнаи якум толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст.

Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дохили он бо ҷалби сохтмончиён моҳирона гачкорӣ шудааст, ки диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Намои берунии он бошад, ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса равона намуда, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои муҳимро пайваста амалӣ менамояд.

Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав сохта шуд.

Дар саҳни иншооти соҳаи фарҳанг ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 номгӯи сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа нақши муҳим мебозанд.

Чунин бинои зебову муҳташам бо ҳуҷраҳои кории муосир, орзуи деринаи аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан буд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва миннатдории самимӣ ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба соҳаи фарҳанг, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан дар толори бошукуҳи тозабунёди Қасри фарҳанг барномаи ҷолибу рангин пешниҳод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, баҳои баланд доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.3
US TJS/USD9.27
EU TJS/EUR10.72
RU TJS/RUB0.12
10 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Oct 2025 15:35 UTC
Latest change: 10 Oct 2025 15:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:42, October 10, 2025
17°C
39 %
1016 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 06:28
Sunset: 17:54
Hourly Forecast
23:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 3 mph 35% 1016 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
14°/15°°C 0 mm 0% 2 mph 33% 1015 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1015 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 17% 1015 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 7% 1013 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
28°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 5% 1011 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 2 mph 6% 1011 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 11% 1015 mb 0 mm/h