Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.
Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона барои қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.
Корхонаи нави равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хоса барои истеҳсоли равғани пахта, чигит асосан аз дохили кишвар дастрас мегардад, ки ин тасмим барои коркари пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат менамояд.
Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ басту банд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд қайд кард, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои басту банд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.
Дар маҷмуъ корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, басту банд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.
Бояд қайд кард, ки сикли пурраи истеҳсоли равғани растанӣ – аз коркарди чигит ва донаи офтобпараст сар карда, то омодакунии равғани аълосифати растанӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷараёни истеҳсолот ба таври автоматӣ амаливу назорат карда мешавад.
Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидориву насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд.
Дар маҷмуъ дар ин корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.
Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, ба пуррагӣ коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин дар ҳудуд ва гирду атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудааст.
Корхона ба хатти алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад.
Корхонаи нави равғанбарорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва имконоти мусоиди фароҳамовардашуда барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба технологияи корхонаи нав баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати маҳсулотро дар доираи талаботи ҷорӣ ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд қайд кард, ки давоми чанд соли охир ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар доираи барномаҳои мушаххаси давлатӣ бахши саноати хӯрокворӣ рушд намуд. Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған танҳо дар вилояти Суғд ба 37 адад расонида шуд ва дар соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли равғани растанӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат ғайр аз корхонаи ифтитоҳгардида ҳамчунин дорои коргоҳҳои “ММК”, Гармхонаи инноватсионии “ММК-агро” ва Корхонаи истеҳсолии “Сайҳун” буда, нақши он дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти макаронӣ, ширӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ назаррас мебошад.
Ҳамчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар оянда ҷамъият маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла равған ва маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содирот намояд. Дар маҷмӯъ, дар корхона ва гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” феълан то 600 нафар соҳиби кори доимӣ ва мавсимӣ буда, ин нишондод дар оянда афзоиш дода мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ширкат ҳадаф дорад фаъолияти худро дар оянда боз ҳам густариш диҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми чанд соли оянда ҷамъият бунёду ба истифодадиҳии Маркази савдои “Суғдиён мол” бо 340 ҷойи корӣ, Гармхонаи инноватсионии ҳоландӣ дар масоҳати аз 3 то 5 гектар ва Корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаро ба нақша гирифтааст. Дар маҷмуъ дар иншооти банақшагирифташуда дар солҳои баъдӣ аз 500 то 700 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дурнамои фаъолияти ҷамъият, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, мувофиқи талаботи бозор зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ва рушди бахши агросаноат ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.