11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии комуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.
Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2023 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар давраи сохтмон беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.
Дар бинои иловагии навбунёди кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол” дар 16 гурӯҳ 480 кӯдак ва дар бинои асосии муассиса 360 кӯдак, дар маҷмуъ 840 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Айни замон 32 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо зиёд карда мешавад.
Дар кӯдакистон дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Ошхонаи муассиса бо бинои асосӣ пайваст буда, он барои беш аз 480 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидаст.
Дар бинои асосии муассиса Осорхона ҳам мавҷуд аст, ки барои нигаҳдории аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аксу нигораҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистони 1 толор барои тамошои филмҳои тасвирӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шуда, бо тарҳи наву замонавӣ ва бо талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳаминҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Мавҷудияти ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулини боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Масоҳати умумии кӯдакистон 5 ҳазору 800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1476 метри мураббаъро замини зери бино ташкил менамояд.
Ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.
Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯструяконро ҳадду канор набуд, зеро ба онҳо Пешвои маҳбуби миллат тӯҳфаҳои идона тақдим карданд, ки аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун иборат буд.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистони нав сохта, мавриди истифода қарор дода шаванд.
Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 46 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд.
Фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд.
Дар саҳни муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” 16 айвонча, фавора ва 1 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузронидани машғулиятҳо мусоид аст.
Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон барои машғулияти онҳо ҳамаи синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳазонида шудааст.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазору 700 кӯдак тарбия мегиранд.
Омӯзгорону мураббиён кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфа ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароит, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.