Дар ҳошияи 70-умин ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло бо директори генералии Агентии миллии сайёҳии Ҷумҳурии Албания хонум Зана Чела мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо бобати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ мулоқот намуда, оид ба масъалаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳарду ҷониб гуфтушунид анҷом доданд.
Қайд карда шуд, ки барои ҷалби сайёҳон ба имзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Албания ба мақсад мувофиқ буда, барои мубодилаи афкор ва рушди соҳаи сайёҳии ҳарду ҷониб заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ омодагии хешро иброз доштанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.