Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
05:27, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 47 %
Pressure 1002 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии «Мусаффо»-ро мавриди истифода қарор доданд

9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаи замонавӣ 30 нафар мураббӣ дар 6 гурӯҳ бо таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони “Мусаффо” аз моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар он беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

 Иншоот дар муҳлати 9 моҳ бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ сохта шудааст.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори минадорӣ намуданд.

Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, чароғҳои замонавии равшанидиҳанда ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни дигар мебахшад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамомада, дастур доданд, ки масъулон бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.

Дар деҳаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони “Мусаффо” бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.

Шодиву нишоти дуструякони кудакистон ҳаду канор надошт чун онҳо шахсан аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа гирифтанд.

Акнун сокинони деҳаи Мусаффо имкон доранд фарзандони худро дар беҳтарин шароит бо таълиму тарбия фаро гиранд.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 1300 метр роҳи дохили деҳа мумфарш гардидааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
26 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 26 Jul 2024 13:25 UTC
Latest change: 26 Jul 2024 13:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
05:27, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 47 %
Pressure 1002 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph