Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:28, November 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Баррасии масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вохурии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

5 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, осоишгоҳҳу табобатгоҳҳо, блогерон, ассотсиатсияҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо сухани ифтитоҳи ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, ба ҳамаи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати сайёҳии кишвар изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон дар кори ҷаласа мавсуф қайд намуд, ки бо назардошти корҳои анҷомдодшуда дар ин самт моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи кишвар, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилӣ ва ба ин васила ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешем.

Иброз дошта шуд, ки пайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадори кишвар ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси тавлид гардидани ҷойҳои кории нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад.

Ба ин васила бо мақсади таъмини хизматрасонии мусоид ба сайёҳон дар кори ҷаласа вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби меҳмонхона, тарабхона ва оссоишгоҳу табобатгоҳҳо зикр гардид.

​Дар рафти ҷамъома аз ҷониби шуъбаи милитсияи сайёҳӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бобати назорати қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сафар ба мавзеъҳои куҳӣ, ва ҳангоми мушоҳидаи мушкилот саривақт хабардор намудани масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.

Бо мақсади самаранок ва босифат татбиқ намудани қонуну қарорҳои соҳавӣ, ҷалби сармоя ва бунёди инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯй, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои истироҳатӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо, бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии мамлкат дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои грантии соҳавӣ аз ҷониби намояндагони дигар субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ суҳбати фарогир ва мубодилаи фикру мулоҳиза сурат гирифт.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ як қатор ширкатҳои фаъол, ки дар татбиқи сиёсати сайёҳии кишвар ва баргузории чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалии Кумита саҳми арзанда мегузоранд, бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

​Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.59
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.33
RU TJS/RUB0.11
14 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Nov 2024 04:00 UTC
Latest change: 14 Nov 2024 04:00 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:28, November 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph