Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:34, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

ЗЕБОТАРИН КИШВАРИ ДУНЁ

Сафарноманависи маъруфи англис Ҷоэл Дэй дар сомонаи интернетии рӯзномаи сертарафдори “Daily Express”-и Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оид ба зарфиятҳои бойи сайёҳӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон таҳти унвони “Зеботарин кишвари дунё” мақола нашр намудааст.

Дар мақола муаллиф қуллаҳои барфпӯши осмонхароши кӯҳсорон ва манзараҳои дилрабои ин диёри офтобиро дар рӯи олам беназир васф намуда, иқлими Тоҷикистонро аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқкунанда донистааст.

Гуфта мешавад, ки дар гузашта Тоҷикистон ба хотири дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарор доштан ва бо мақсади пинҳон нигоҳ доштани асрори инфрасохторҳо ва технологияи шӯравӣ аз хориҷиён, муддатҳои тӯлонӣ бо ҷаҳони беруна иртибот надошт. Аз ин рӯ табиати ҷаззоб ва кӯҳу дараҳои ҳаловатбахши инҷо то имрӯз дастнохурдаю покиза боқӣ бимонд.

Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ҳама ҷиз тағйир ёфта, дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Аз ин ҷост, ки соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар кишвари ҷавон оҳиста-оҳиста, аммо устуворона рушд мекунад.

Тавре Ҷоэл Дэй иттилоъ медиҳад, Тоҷикистони имрӯза аз шимолу шарқ бо Хитой ва аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад буда, ба Уқёнуси Ҳинд ё Халиҷи Форс роҳи баромад надорад, вале дар чорроҳаи Роҳи Абрем ҷойгир шуда, дорои тамаддун ва фарҳанги оламшумул мебошад.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар замони пеш ба андозаи як деҳаи кӯчак дар водии Ҳисор ҷойгир шуда, ҳар рӯзи душанбе дар онҷо бозор ташкил мешуд. Бо мурури замон ин деҳа ба маҳалла аз маҳалла ба шаҳрак ва аз шаҳрак ба як шаҳри бузурги серҷамъият табдил ёфта, баъзан аз тарафи бекони Ҳисор, Балх ва ниҳоят Бухоро идора мешудааст.

Мардуми тоҷик меросбари расму оини ориёӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола доранд ва аввалин сокинони муқимии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Ин диёри зебо бо оби рӯдҳои мусаффояш ва дарёҳои пуртуғёнаш барои сайёҳони саргузаштии хориҷӣ биҳишти рӯи замин ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон макони набототу ҳайвоноти бой ва нодир аст, вале баъзеи онҳо дар ҳоли инқироз қарор доранд. Агар сайёҳон роҳ ба сӯи Боғи миллӣ пеш гиранд ҳатман онҷо оромиш пайдо мекунанд. Чунки дидани чизҳое ба монанди гӯсфанди Марко Поло, бабри барфӣ ва бузи сибирӣ ба шахс ҳаловати хоса мебахшад. Ногуфта намонад, ки Боғи миллии Тоҷикистон аллакай ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Дар поёни мақола муаллиф ба дӯстдорони сайру саёҳат тавсия медиҳад, ки агар вақти кофӣ дошта бошанд ва хоҳанд, ки худро дар дигар тарафи ҷаҳон бубинад бешубҳа Тоҷикистон беҳтарин макони сайёҳӣ ва осорхонаи зинда дар осмони кушод мебошад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи кишварҳои ғарбӣ ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, ҳамасола дар бораи табиати бикр, манзараҳои дилкаш, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, меваю сабзавоти тару тоза ва қуллаҳои барфпӯши Тоҷикистон даҳҳо матлабу мақолаҳои хонданбоб нашр менамоянд, ки он барои тарғибу ташвиқи иқтидорҳои сайёҳии мамлакат дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

САРЧАШМА:https://www.express.co.uk/…/tajikistan-latest-worlds…

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:34, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph