2 апрели соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи омӯзишӣ вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар раванди татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумита, намояндаи Агентии назорати давлатӣ мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд.
Нахуст аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатӣ мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, ки 7 августи соли 2020, №1714 қабул гардидааст, суханронӣсурат гирифта, изҳор дошта шуд,, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон аз ҷониб роҳбарияти Кумита тазаккур дода шуд, ки ҷаласаи мазкур бештар ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи муқовимат бо коррупсия, сиёсати давлатӣ дар ин самт, методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) равона гардидааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби ҳайати кормандон оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” муҳокимаҳо сурат гирифт.