Санаи 2 апрели соли 2024 дар толори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти. Ширкати “Сомон Эйр”, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломотӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Камолиддин Муминзод дар баромади худ дар маросими мазкур қайд намуданд, ки ин руйдод барои беҳбудии робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Роҳандозӣ намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осонтару қулайтар мекунад, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Инчунин, хатсайри мазкур барои ҷолибтар намудани имиҷи шаҳрҳои Душанбе ва Остона низ бо назардошти нақши ин шаҳрҳо ҳамчун пойтахтҳои ду кишвар ва дарвозаи асосии сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Боиси қайди махсус аст, ки хатсайри мазкур барои рушди соҳаи сайёҳии ду кишвари такони ҷиддӣ бахшида, ба сайёҳону ҷаҳонгардон истифодабарии хатсайри Душанбе – Остона ва баръакс Остона – Душанбе, ё ин, ки аз Душанбе ба 11 кишвари дунё ва аз Остона ба 25 кишвари дунё мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад парвозҳо ҳафтае як маротиба, рузҳои сешанбе анҷом дода мешавад.
Аз 19 апрел бошад, шумораи парвоҳо аз Душнабе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад.
Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing
737-900 анҷом дода мешаванд.