Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:59, November 22, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 87 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Хабар аз ҷаҳон : Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд

Дар соли 2024, Ҳафт мӯъҷизаи нави ҷаҳон ба инсоният муаррифӣ карда шуданд, ки аз рӯи шумораи меҳмонон ва маъруфият дар Википедия интихоб карда шуданд. Ин ҷойҳоро ҳамасола миллионҳо сайёҳон аз тамоми ҷаҳон дидан мекунанд ва интизор меравад, ки ин шумора пас аз нашр афзоиш ёбад.

1. Тоҷ Маҳал (Ҳиндустон)

Саҳифа дар Википедия беш аз 28 миллион маротиба дида шудааст. Ин қаср як намунаи барҷастаи меъмории ҳинду исломист, ки ҳамчун оромгоҳи ҳамсари дӯстдоштаи император Мумтаз Маҳал сохта шуда, номи ӯро дар таърих абадӣ нигоҳ медорад.

2. Бурҷ Халифа (АМА)

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 23 миллион маротиба дида шудааст. Сохтмони баландтарин бинои осмонбӯс дар ҷаҳон соли 2010 анҷом ёфта, ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки ҳадди ақал як бор дар умрашон аз манзараи Бурҷ Халифа баҳра баранд.

3. Эверест (Непал)

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 22 миллион маротиба дида шудааст. Баландтарин қуллаи ҷаҳон, ки ягона мӯъҷизаи табиӣ дар қулла эътироф шудааст, ҳамасола сайёҳони кишварҳои гуногунро ҷалб мекунад, ки онро фатҳ кунанд. Баъзеҳо ҳатто омодаанд, ки онро бо ҷони худ пардохт кунанд.

4. Муҷассамаи Озодӣ дар Ню Йорк

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 19 миллион маротиба дида шудааст. Тухфаи Фаронса, ки рамзи дустӣ бо Штатҳои Муттаҳида гардид, холо қисми ҷудонашавандаи Ню-Йорк ба ҳисоб меравад.

5. Девори бузурги Чин

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 17 миллион маротиба дида шудааст. Девори Бузурги Чин, ки аслан барои ҳифзи кишвар сохта шуда буд, дар тӯли садсолаҳо рамзи услубҳои гуногуни меъморӣ гардид, ки ба давраҳои гуногуни таърих хос аст.

6. Бурҷи Эйфел (Фаронса)

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 17 миллион маротиба дида шудааст. Ҷои ошиқтарин дар сайёра танҳо дар охири асри 19 пайдо шуд. Париж ва ҳатто тамоми ҷаҳонро бе бурҷи Эйфел тасаввур кардан қариб ғайриимкон аст.

7. Мачу Пикчу (Перу)

Ин саҳифа дар Википедия беш аз 14 миллион маротиба дида шудааст. Қалъаи қадимии Инка ҳар сол миллионҳо сайёҳонро ҷалб мекунад; муаррихону бостоншиносон то ҳол дар бораи гузаштаи он баҳс мекунанд. Илова бар ин, Мачу Пикчу ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Сарчашма: https://tripmydream.com/media/novosti/velichestvo-prirodu-predstavleno-sem-novuh-chydes-sveta

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:59, November 22, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 87 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph