Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:07, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 52 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

МУАРРИФИИ ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲОШИЯИ НАМОИШГОҲИ “MITT-2024”

Дар рӯзи дуюми Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Москва “MITT-2024” дар маҷмааи “Крокус Экспо Сити” презентатсияи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он алоқамандони сайру саёҳат аз ҳар гӯшаю канори Россия иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ баромад намуда, оид ба тамоюлҳои нави саёйҳӣ, хизматрасониҳо, хатсайрҳои ҷадид ва дигар зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба таври васеъ рӯйнамоҳо пешниҳод намуданд.

Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону ҷаҳонгардони рус ба ҷозибаҳои сайёҳии кишвар ҳамаи шароитҳои заруриро муҳайё намудааст, хусусан хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуда, ҳаррӯз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои калони Федератсияи Россия 7 парвози мустақим анҷом дода мешавад.

Дар поёни ҷамъомад миёни иштирокчиён ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон саволу ҷавоб сурат гирифта, ширкаткунандагон ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии “MITT-2024” аз рӯзи 19 марти соли 2024 дар шаҳри Москва барпо гардида, дар он 750 субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона ширкат варзида, хизматрасониҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулотҳои сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмӯъ захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури алоқамандони сайру саёҳат гардониданд.

Дар доираи намоишгоҳи сайёҳӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони беш аз 20 субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Федератсияи Россия мулоқот анҷом дода, ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур миёни субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва агентиҳои сайёҳии минтақаҳои Федератсияи Россия ҷиҳати ворид намудани сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:07, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 52 %
Pressure 1024 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph