20 марти соли 2024, шаҳри Душанбе
Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҳошияи Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” Конфронси илмию амалӣ, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои муқимии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Нахуст аз ҷониби раисикунандаи чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ба конфронс ҳусни оғоз бахшида шуда, сипас риштаи сухан ба муовини Сарвазри Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дода шуд.
Мавсуф ҳамаи иштирокчиёни Конфронсро, аз ҷумла меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифовардаро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таманниётҳои нек намуд.
Дар рафти суханронӣ аз ҷониби муовини Сарвазри Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо қайд гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи аҷдодӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин иди миллати тоҷик ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта мешавад ва барои муаррифии таъриху фарҳанги мо заминаҳои мусоид мегузорад.
Сухани навбатӣ ба муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед супорида шуда, оид ба мақому манзалти ҷашни аҷдоди Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда гузаштанд.
Иброз дошта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистони азиз шукӯҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.
Сипас риштаи сухан ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод супорида шуда, иброз дошта шуд, ки бо шарофати фазои сулњу амнияти пойдор дар кишвар ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти миллии кишвар мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки имрӯз ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Дар рафти Конфронс аз ҷониби як қатор намояндагони созмон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилӣ ва рӯзноманигорони хориҷӣ оид ба ҷашни Наврӯз ва саҳми он дар пайвандсозии халқу миллатҳо ибрози назар карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки қисмати дуюми Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” имрӯз соати 15:00 дар МД “Боғи Ирам” бо баргузори чорабинии рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, хусусан хӯрокҳои наврӯзӣ ва бозиҳои гуногун бо мақсади муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, бахусус расму анъанаҳои мардумӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, либоси миллӣ, таомҳо, хӯришҳои миллӣ ва дар ин замина ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифи намудани Наврӯз доир мегардад.
Марҳабо ба Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”