Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
3:48 am, April 17, 2024
8°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1020 mb

Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”

Имрӯз дар МД “Боғи Ирам” Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои муқимии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳру ноҳияҳи тобеи ҷумзурӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аз ҷумла хӯрокҳои хоси наврӯзӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ пешниҳод карда шуд.

Фестивали мазкур бо мақсади муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, бахусус расму анъанаҳои мардумӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, либоси миллӣ, таомҳо ва хӯришҳои миллӣ соли шашум аст, ки дар кишвар багузор карда шуда, дар ин замина Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ба гардишгарону меҳмонон муаррифӣ карда мешад.

Боиси сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст, зеро он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир маҳсуб мегардад.

Дар фасли зебои баҳор, ки табиат эҳё мегардад, мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гашта, шумораи зиёди сайёҳон рағбати дидани ватани аҷдодии Наврӯз -Тоҷикистонро доранд.Имрӯзҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сарзаминамон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он баҳри боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бойи қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Дар Фестивал Таомҳои миллии наврӯзӣ. ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки бо шарофати фазои сулњу амнияти пойдор дар кишвар ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон, ба макони баргузории чорабинињои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти миллии кишвар мусоидат менамояд.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин идҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта, барои муаррифии таъриху фарҳанги мо заминаҳои мусоид мегузорад.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногун хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда, дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононо шод гардониданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
3:48 am, April 17, 2024
8°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1020 mb