Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:25, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита, роҳбарияти Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, муҳаррирони бахши сайёҳии Телквизиони “Тоҷикистон”, ширкатҳои сайёҳӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита багузор карда шуд.

Нахуст чорабиниро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камоилиддин Муминзод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.

Ҳамзамон мавсуф дар доираи маързаи худ оид ба арзиш ва таъриху пайдоиши ҷашни Наврӯз ва саҳми таҷлил намудани ин ҷашн дар рушти соҳаи сайёҳӣ суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи аҷдодӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Имрӯз ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон оғоз гардида, шумули зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврӯзро доранд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи анъанаҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Боиси хурсандист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистони азиз шукӯҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.

Инчунин таъкид гардид, ки бо шарофати фазои сулњу амнияти пойдор дар кишвар ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтани кишвари азизамон, бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муњими рушди иқтисодиёти миллии кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш аз ҷониби як қатор иштирокчиён суханҳои табрикотӣ ва фикру андешаҳо оид ба мақому манзалати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистони азиз сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба роҳбарият ва як қатор кормандони Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунгарҳои мардумӣ”, муҳаррирони бахши сайёҳии Телевизиони “Тоҷикистон” ва ширкатҳои сайёҳӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати сайёҳии кишвар, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин тарғибу ташвиқи васеи имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар бо Сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:25, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 70 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph