Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ мерасонад, ки ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 дар пойтахти кишвар Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Фестивали мазкур аз ду қисмат иборат буда, қисмати расмии чорабинии мазкур санаи 20 марти соли 2024 соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои муқимии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
Қисмати дуюми Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” санаи 20 март соати 15:00 бо баргузори чорабинии рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, хусусан хӯрокҳои наврӯзӣ ва бозиҳои гуногун бо мақсади муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, бахусус расму анъанаҳои мардумӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, либоси миллӣ, таомҳо, хӯришҳои миллӣ ва дар ин замина ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифи намудани Наврӯз доир мегардад.
Дар қисмати дуюми чорабини низ иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқимӣ дар шаҳри Душанбе, блогерон ва намояндагони ВАО аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони бахши хусусӣ, меҳмонони сатҳи баланд аз кишварҳои ҳамҷавор ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин идҳои мо миллати тоҷик ба шумор рафта, таърихи тулонии беш аз панҷҳазорсола дорад.
Ба ин васила ин ҷашни қадима ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуда, барои муаррифии таъриху фарҳанги мо заминаҳои мусоид мегузорад.
Марҳабо ба Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”