18 марти соли 2024 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бераҳма Массоум ҳайкалтароши машҳури олмонӣ сайёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, осорхона ва мақбараҳои шоирону бузургони халқи тоҷик ташкил карда шуд.
Ҳайкалтароши машҳури олмонӣ аз ҷониби Кумита барои иштирок дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”, ки санаи 20 март дар МД “Боғи Ирам” баргузор мегардад даъват шудааст.
Мавсуф дар рафти сайёҳат аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз осору адабиёт, таърихи давдатдорӣ ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос шуда таасуроти мусбӣ бардошт.