Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:56, July 27, 2024
temperature icon 38°C
Humidity 20 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ САЙЁҲИИ “MITT МОСКВА-2024”

Рӯзи 19 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барпо гардид, ки дар он 750 субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, зарфиятҳои сайёҳии худро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона ширкат варзида, хизматрасониҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулотҳои сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмӯъ захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро манзури алоқамандони сайру саёҳат намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар назди гӯшаи сайёҳии кишвар базми сурнаю карнайи тоҷикӣ доир гардида, таҳти навои дилнишини мусиқии миллӣ гулдухтарони ансамбли рақсии “Санам” ҳунари волои рақси миллии тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Намоишгоҳ байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии MITT-2024 дар маҷмааи Крокус Экспои шаҳри Москва аз 19 то 21 март доир гардида, дар рӯзи дуюми чорабинӣ дар толори алоҳида имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба таври васеъ манзури иштирокчиёни минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия гардонида мешавад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони рус ва дигар ҷаҳонгардони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷозибаҳои сайёҳии бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:56, July 27, 2024
temperature icon 38°C
Humidity 20 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph