Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шӯрои амният ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз сӯхтору ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.